Categories: SİYASET

Боздиди сарони давлатҳои Тоҷикистону Қатар аз қароргоҳи беруназшаҳрии Такоб дар ноҳияи Варзоб

Боздиди сарони давлатҳои Тоҷикистону Қатар аз қароргоҳи беруназшаҳрии Такоб дар ноҳияи Варзоб

.2023 , ноҳияи Варзоб

 

 

 

8 июн дар идомаи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон боздиди Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ аз мавзеъҳои зебову дилфиреби қароргоҳи беруназшаҳрии “Такоб” сурат гирифт.

 

 

 

 

Ҳадаф аз баргузор кардани сайругашт дар мавзеъи хушбоду ҳавои Такоб муаррифии меҳмоннавозии тоҷикона ва шиносоӣ бо табиати сарзамини ганҷхези Тоҷикистон мебошад

 

 

 

.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба меҳмони олиқадр Амири Давлати Қатар як гӯшаи сарзамини бостонӣ ва мавзеъҳои дилфиреби сайёҳии кишварро муаррифӣ карданд.

 

 

 

 

Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ дар мавзеъҳои зебои ноҳияи Варзоб гашту гузор ва суҳбати озоди дӯстона намуда, аз табиати сабзу ҳавои тозаи Тоҷикистони офтобӣ ҳаловат бурданд.

 

 

 

 

 

Бояд гуфт, ки бо шарофати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муаррифии кишвари зебову ҳамешабаҳор аз минбарҳои олии ташкилоту созмонҳои бонуфуз, ҷомеаи ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон ва табиати зебо, меҳмоннавозии анъанавии тоҷикона ва неъматҳои моддии сарзамини аҷдодии мо аз наздик шинос ҳастанд.

Табиати биҳиштосои Тоҷикистон бо дарёву чашмаҳои обаш мусаффо, куҳҳои сарбафалаккашида ва манзараҳои нотакрораш диққати сайёҳони хориҷро ба худ ҷалб менамояд.

Сайру гашти меҳмони олимақом дар фазои басо гарму самимӣ ва дӯстию бародарӣ ҷараён гирифт.

Меҳмони олиқадр Амири Давлати Қатар муҳтарам Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ баъди тамошои табиати нотакрори қароргоҳи беруназшаҳрии Такоб аз манзараҳои дилкашу обҳои мусаффо ва ҳавои тоза таасуроти нек бардоштанд.

Маводҳо доир ба мавзӯъ:

Маводи дигар вобаста ба робитаҳо дар сатҳи олӣ миёни Тоҷикистон ва Қатар

facebooktwitter

kaynak:http://www.president.tj/node/30848?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter

zline

Share
Published by
zline
Tags: Cumhurbaşkanı Emomali RahmonEmomaliEmomali Rahmongazete katarKATARKatar Devleti EmiriKatar Devleti Emiri Sayın Şeyh Tamim bin Hamad Ali SoniKatar Devleti Emiri Şeyh Tamim bin Hamad Ali SoniRahmonŞeyh Tamim bin Hamad Ali SoniTACİKİSTANTacikistan CumhuriyetiTacikistan Cumhuriyeti Cumhurbaşkanı Emomali RahmonTacikistan Cumhuriyeti Cumhurbaşkanı Sayın Emomali Rahmontacikistan gazetesiАмирибабайниберуназшаҳрииБоздидиБоздиди сарони давлатҳои Тоҷикистону Қатар аз қароргоҳи беруназшаҳрии Такоб дар ноҳияи ВарзобваВарзобгармугирифтадавлатӣдавлатиидавлатҳоидарДушанбеибниимзоиистиқболИфтитоҳиқароргоҳиҚатарҚатар азмарказиимаросимиМаросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати ҚатарМасҷидимузокиротиМулоқотумуҳтарамнавиноҳияиОлиОлииПешвои миллатПрезидентиПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ РаҳмонсамимӣсанадҳоисаронисатҳисафариСонироТакобТамимТоҷикистонТоҷикистонуҲамадҳамкорӣҳошияиҷомеиҶумҳурииШайхшаҳришаҳри ДушанбеЭмомалӣ Раҳмон Давлати Қатар муҳтарам Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сониро гарму самимӣ истиқбол гирифта

Recent Posts

“Birleşik Rusya Kadın Hareketi” siyaset okulunun seçim kampanyalarının analizine adanmış çevrimiçi bir oturum düzenledi

"Birleşik Rusya Kadın Hareketi" siyaset okulunun seçim kampanyalarının analizine adanmış çevrimiçi bir oturum düzenledi.

2 saat ago

«Единая Россия»: Участниками проекта «Менделеевская карта» станут более 4 тысяч призёров и победителей олимпиады «Я — профессионал»

«Единая Россия»: Участниками проекта «Менделеевская карта» станут более 4 тысяч призёров и победителей олимпиады «Я…

4 saat ago

“Birleşik Rusya”: “Ben Profesyonelim” Olimpiyatının 4 binden fazla kazananı ve kazananı “Mendeleev Haritası” projesine katılacak

“Birleşik Rusya”: “Ben Profesyonelim” Olimpiyatının 4 binden fazla kazananı ve kazananı “Mendeleev Haritası” projesine katılacak.

5 saat ago

Госдума приняла в первом чтении инициированный «Единой России» законопроект о регулировании туристической деятельности

Госдума приняла в первом чтении инициированный «Единой России» законопроект о регулировании туристической деятельности.

7 saat ago

Devlet Duması, Birleşik Rusya tarafından başlatılan turizm faaliyetlerinin düzenlenmesine ilişkin yasa tasarısını ilk okumada kabul etti

Devlet Duması, Birleşik Rusya tarafından başlatılan turizm faaliyetlerinin düzenlenmesine ilişkin yasa tasarısını ilk okumada kabul…

8 saat ago

Meeting with the Representative of the World Bank

Meeting with the Representative of the World Bank.

10 saat ago