Categories: BugünGÜNDEM

Маросими ифтитоҳи Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе дар ҳошияи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими ифтитоҳи Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе дар ҳошияи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон
.2023 , шаҳри Душанбе

 

 

 

 

8 июн Амири Давлати Қатар бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадр, Амири Давлати Қатар муҳтарам Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сониро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Дар ҳошияи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ин иншооти муҳими маънавиро ифтитоҳ карданд.

Пас аз маросими расмии ифтитоҳи масҷид Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар муҳтарам Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ бо шоҳкории меъмории миллии тоҷикона ва шароит барои намозгузорон дар он шинос шуданд.

Баъди шиносоӣ Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ ба сифати корҳои анҷомдодашуда, ки бо риояи суннатҳо ва нозукиҳои меъмории миллӣ иҷро шуда, таҷассумгари омезиши моҳиронаи арзишҳои миллӣ ва суннатҳои динӣ мебошанд, баҳои баланд доданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Қатар муҳтарам Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ барои саҳмгузорӣ дар бунёди ин шоҳкорӣ изҳори сипос намуда, татбиқи лоиҳаро намунаи олии ҳамкории ду давлат арзёбӣ карданд.

Пешниҳод гардид, ки ба хотири хизматҳои барҷаста дар олами ислом Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе ба номи “Имоми Аъзам – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит” гузошта шавад.

Ёдовар мешавем, ки 5 октябри соли 2009 зимни бузургдошти асосгузор ва пешвои мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит ва дар рӯзҳои таҷлили 1310-солагии ӯ бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва олимону сиёсатмадорони воломақоми кишварҳои зиёди ҷаҳон санги асоси бузургтарин масҷиди ҷомеи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуд.

Бояд гуфт, ки баъди гузоштани санги асоси бунёди иншоот мутахассисони варзидаи соҳа аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар пас аз омӯзишу таҳқиқи ҳамаҷониба лоиҳаи Масҷиди ҷомеи марказии Душанберо таҳия карданд.

5 октябри соли 2011 корҳои сохтмони иншоот оғоз гардиданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷойи бунёди масҷиди ҷомеъ ташриф оварда, дар оғози корҳои нахустини сохтмон бевосита ширкат варзиданд.

Масҷид дар ҳудуди 12 гектар, ки бинои масҷид дар 3 гектари он ҷойгир шудааст ва дорои 3 даромадгоҳи калон мебошад, бунёд гардидааст.

 

 

 

 

Масҷид имконияти ғунҷоиши 133 ҳазор намозгузорро дар як вақт дорад, ки аз ин шумора 43 ҳазор намозгузор дар дохили масҷид ва боқимонда дар гирду атрофи он ҷой мегирад.

Масоҳати ошёнаи якуми бино, дар маҷмуъ, 18444 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дохили толорҳо бо 14000 метри мураббаъ қолини истеҳсоли ватанӣ қолинпӯш гардида, дар қисмати ҷанубу ғарби толори намозгузории калон меҳроб ҷойгир шудааст.

Масҷид аз 4 манора бо баландии 74 метр, ду манораи хурди ороишӣ бо баландии 21 метр, гумбази зебову мунаққаши калон бо баландии 43 метр ва 17 гумбази хурд бо баландии 35 метр иборат мебошад.

 

 

 

 

 

Дар дохили масҷид 6 синфхонаи барҳаво, толори қабули меҳмонон ва гузаронидани мулоқоту вохӯриҳо, 2 китобхона, 9 ҳуҷраи корӣ, 3 меҳмонхона ва ҳуҷраҳои техникӣ ҷойгир шудааст.

Намои берунаи бинои иншоот 62393 метри мураббаъро ташкил дода, масоҳати 33963 метри мураббаъ бо мармари сафед оро ёфтааст.

Дар гирду атрофи иншоот дар масофаи 92000 метри мураббаъ корҳои кабудизоркунӣ гузаронида шуда, дар ду тарафи даромадгоҳ, ҳамчунин, таваққуфгоҳ барои 500 воситаи нақлиёт бунёд гардидааст.

Барои ороиши масҷид 6630 метри мукааб кошин ва 2800 метри мукааб мармари сиёҳ истифода шудааст. Саҳни ҳавлии дохили бино аз 4800 метри мураббаъ ва як фаввора иборат буда, дар он ҷо дар як вақт 8000 намозгузор ҷой гирифта метавонад. Дар маҷмӯъ, масҷид дорои 178 дар мебошад, ки 40 адади он аз чӯби чормағз омода гардидааст.

 

 

 

 

Қобили таъкид аст, ки бо маслиҳатҳои мушаххас ва завқи баланди зебоипарастии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар лоиҳаи сохтмони ин иншооти бузург тарҳу усулҳои меъмории бостонии тоҷикӣ, нақшу нигори деворҳо, гумбазҳо, сутунҳову даромадгоҳҳо ва тамоми дигар корҳои ороиши дохилу атрофи масҷид ба эътибор гирифта шудааст.

Ин на танҳо як масҷид, балки пойгоҳи замонавии фарҳангу таърихи исломӣ буда, толорҳои он тавре бунёд шудаанд, ки дар онҳо чорабиниҳои мухталифи илмиву фарҳангӣ ва ҳамоишҳои сатҳу зинаҳои гуногун гузаронда мешаванд.

 

 

 

 

Дар ин иншоот, корҳои сохтмону васлгарӣ аз ҷониби ширкатҳои ватанӣ – пудратчии асосӣ Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “СТС-Иншоот” ва Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Сомон таҷҳизот” анҷом ёфта, дар давраи бунёди он беш аз 1000 нафар бинокорони маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин шуданд.

Бояд гуфт, ки бо пешниҳод ва иштироки бевоситаи Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон 30 майи соли 2018 дар паҳлуи Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе сохтмони Донишкадаи исломии Тоҷикистон оғоз гардид.

Донишкадаи исломии Тоҷикистон барои 1500 донишҷӯ дар як баст пешбинӣ гардидааст.

Бунёди Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе ва Донишкадаи исломӣ гувоҳи равшани сиёсати Пешвои миллат ва давлати Тоҷикистон доир ба дин, озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин мебошад.

Ҳамчунин таъкид бояд кард, ки пуштибонии пайваста аз номи поки дини мубини ислом дар арсаи минтақа ва ҷаҳон, ба забони тоҷикӣ нашр кардану дастраси мардум гардонидани Қуръони карим ва дар сатҳи милливу байналмилалӣ таҷлил намудани 1310-солагии асосгузори мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит – Имоми Аъзам аз ҷумлаи хизматҳои шоёни Роҳбари муҳтарами давлати мо мебошанд, ки ӯро ба шаъну эътибори баланд дар ҷаҳони ислом расонидаанд.

 

 

 

 

Ҳамин аст, ки номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ба феҳристи 500 мусулмони соҳибнуфузи олам шомил гардидааст.

Қобили зикри хос аст, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо инояту меҳрубонии Парвардигори олам чор дафъа зиёрати хонаи Каъбаву равзаи Пайғамбари исломро (с.а.в) ба анҷом расонида, ду бор ба дохили Каъбатуллоҳ ворид шудаанд.

Маводҳо доир ба мавзӯъ:
Маводи дигар вобаста ба робитаҳо дар сатҳи олӣ миёни Тоҷикистон ва Қатар
facebook

kaynak:http://www.president.tj/node/30843?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter

zline

Share
Published by
zline
Tags: Cumhurbaşkanı Emomali RahmonEmomaliEmomali Rahmongazete katarKATARKatar Devleti EmiriKatar Devleti Emiri Sayın Şeyh Tamim bin Hamad Ali SoniKatar Devleti Emiri Şeyh Tamim bin Hamad Ali SoniRahmonŞeyh Tamim bin Hamad Ali SoniTACİKİSTANTacikistan CumhuriyetiTacikistan Cumhuriyeti Cumhurbaşkanı Emomali RahmonTacikistan Cumhuriyeti Cumhurbaşkanı Sayın Emomali Rahmontacikistan gazetesiАмирибабайнивагармугирифтадавлатӣдавлатиидарДушанбеибниимзоиистиқболИфтитоҳиҚатармарказиимаросимиМаросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати ҚатарМаросими ифтитоҳи Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе дар ҳошияи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии ТоҷикистонМасҷидимузокиротиМулоқотумуҳтарамнавиОлиОлииПешвои миллатПрезидентиПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ РаҳмонсамимӣсанадҳоисатҳисафариСонироТамимТоҷикистонҲамадҳамкорӣҳошияиҷомеиҶумҳурииШайхшаҳришаҳри ДушанбеЭмомалӣ Раҳмон Давлати Қатар муҳтарам Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сониро гарму самимӣ истиқбол гирифта

Recent Posts

Meeting of the Deputy Minister with the Secretary General of the Organization of Islamic Cooperation

Meeting of the Deputy Minister with the Secretary General of the Organization of Islamic Cooperation.

12 saat ago

Bakan Yardımcısının İslam İşbirliği Teşkilatı Genel Sekreteri ile görüşmesi

Bakan Yardımcısının İslam İşbirliği Teşkilatı Genel Sekreteri ile görüşmesi.

21 saat ago

Tacikistan ile Almanya arasında siyasi istişareler

Tacikistan ile Almanya arasında siyasi istişareler.

23 saat ago

Political сonsultations between Tajikistan and Germany

Political сonsultations between Tajikistan and Germany.

24 saat ago

Birleşik Rusya, sambo’yu zorunlu beden eğitimi dersi haline getirmeyi teklif ediyor

Birleşik Rusya, sambo'yu zorunlu beden eğitimi dersi haline getirmeyi teklif ediyor.

1 gün ago

Birleşik Rusya, Hantı-Mansi Özerk Okrugu’nda okul çocukları için bir sosyal yardım merkezine gezi düzenledi

Birleşik Rusya, Hantı-Mansi Özerk Okrugu'nda okul çocukları için bir sosyal yardım merkezine gezi düzenledi.

1 gün ago